Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Швейтсария

Апрель 26, 2012 15:21

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти вазир Шариф Раҳимзода бо сафири Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон ( қароргоҳ дар Остона) ҷаноби Штефан Неллен ва муовини роҳбари шӯъбаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ доир ба ҳамкориҳои минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария, Клаудио Ҳабихта сурат гирифт.  Дар рафти вохӯрӣ Штефан Неллен изхор дошт, ки дар оянда низ ҳамкории вазорат бо ниҳодҳои иқтисодии Швейтсария ривоҷ хоҳад ёфт. Дар аснои мулоқот самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд низ мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.

Апрель 26, 2012 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд