Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Швейтсария
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти вазир Шариф Раҳимзода бо сафири Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон ( қароргоҳ дар Остона) ҷаноби Штефан Неллен ва муовини роҳбари шӯъбаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ доир ба ҳамкориҳои минтақавии Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария, Клаудио Ҳабихта сурат гирифт. Дар рафти вохӯрӣ Штефан Неллен изхор дошт, ки дар оянда низ ҳамкории вазорат бо ниҳодҳои иқтисодии Швейтсария ривоҷ хоҳад ёфт. Дар аснои мулоқот самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд низ мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






