Баррасии Конфронси RECCA дар Донишкадаи омӯзгорӣ
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Фотима Қувватова). –Дирӯз дар Донишгоҳи Давлатии Омузгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (ДДОТ) перомуни аҳамияту афзалияти конфронси минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA), ки рӯзҳои 26-27 марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон доир гардид, вохӯрӣ барпо шуд. Дар конфронс мушовири Президент Рамазони Давлатзода ва мудири кафедраи мантиқ Шоҳназар Бердиев, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Сироҷиддин Ахмедов, инчунин устодону донишҷӯён иштирок доштанд. Ҳадафи ҷамъомад аз боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин кишвари Афғонистон иборат буд. Масъалаҳои асосии конфронс интиқоли барқ тавассути Қирғизистону Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Афғонистону Покистон, сохтани роҳҳову пулҳо тавассути Қирғизистону Чин ва пайвастан ба Покистону Эрон, аз ҷумла интиқоли нафту газ аз Ҷумҳурии Эрон ба кишварҳои Осиё, ба хусус ба Тоҷикистону Қирғизистон, сохтани роҳи оҳану нақлиёт ва гардиши мол байни ин кишварҳо, бунёди обанборҳо, оббёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар минтақаи Афғонистон ва фароҳам овардани маҳсулоти кишоварзӣ дар ин минтақа, аз ҷумла пешгирии қочоқи маводи мухаддир буданд. Ташабускори конфронс ректори ДДОТ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






