Баррасии масоили муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистону Қатар

Апрель 27, 2012 12:11

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз, 27 апрел дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони давлати Қатар ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии дуҷониба лоиҳаи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Қатар доир ба фаъолияти муваққатии муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар ва шаҳрвандони он кишвар дар Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.Ҷиҳати баррасии лоиҳаи Созишномаи мазкур дирӯз ҳайати баландпояи Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.Дар созишнома ҳамаи ҷанбаҳо ва паҳлӯҳои масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҳарду ҷониб, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, муташаккилона ва расман бо кор таъмин намудани онҳо, талаботи касбӣ, вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ, донистани забони кишвари бо кортаъминкунанда пешбинӣ гардидааст. Тавре ки дар вохӯрии имрӯза зикр шуд, созишнома ба таҳкими ҳамкориҳои судманд дар бобати танзими раванди муҳоҷирати байни ду давлат мусоидат хоҳад кард.

Апрель 27, 2012 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад