Баррасии масоили рушди соҳибкории истеҳсолӣ
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории ин конфронс баррасии масъалаҳои вобаста ба соҳибкории истеҳсолӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо бо мақсади рушди он, ҳамчунин ташаккули инкишофи зеҳнӣ, аҳамияти омӯзиши соҳибкорӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва интегратсияи илм бо технология иборат мебошад.Мавриди ёдоварист, ки конфронси мазкур дар доираи барномаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҳикистон ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.11 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи баргузории машваратҳои илмию-техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» баргузор мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






