Баррасии нақшаҳои Бюрои САҲА дар Тоҷикистон
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 26 апрел дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо роҳбари Бюрои Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон сафир Ивар Викки баргузор гардид.Дар ҷараёни мулоқот бархе масъалаҳои таҳкими амнияти сарҳадот бо дарназардошти шароити тағйирёбанда пеш аз соли 2014 ва баъди он, ҳамчунин самтҳои авлавиятдори ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур, аз ҷумла, муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва терроризм, ҷилавгирии паҳншавии аслиҳа ва маводи тарканда, мусоидат ба рушди тиҷорати байнисарҳадӣ ва таҳкими низоми ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо роҷеъ ба нақшаю авлавиятҳои Бюрои САҲА дар Тоҷикистон барои соли 2013 низ мубодилаи афкор намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






