Баррасии Паём дар Вазорати энергетика ва саноат

Апрель 27, 2012 16:52

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва як қатор муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар ҷаласа зикр шуд, ки кормандони соҳа аз паёмҳои ҳарсолаи сарвари мамлакат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар бахшҳои энергетика ва саноат ба истифода додани НБО-ҳои хурду калон, кушодани чандин корхонаҳои саноатӣ, ташкил гардидани садҳо ҷойи нави корӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Ҳамчунин доир ба моҳият ва аҳамияти Паёми имсола, ки самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, инкишофи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика ва саноат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ташкили маҷмааҳои саноатӣ ва сӯзишворию энергетикӣ, таъмини ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо нерӯи барқ, ба кор андохтани нерӯгоҳҳои барқи обии хурду калон, зарурати тезонидани ҷараёни истифодаи технологияи муосир дар истеҳсолот, таъмини амнияти озуқаворӣ, зарурати навсозии истеҳсолот, тадриҷан даст кашидан аз тамоюли содироти ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, татбиқи саривақтии барномаҳои давлатии рушди соҳаҳои саноатро фаро гирифтааст, ибрози назар карда шуд.Тавре ки маълум аст, бо мақсади афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ бунёди 200 корхонаи саноатӣ ва соли 2013- 124 корхона дар назар дошта шудааст, ки дар натиҷа қариб 18 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд.Кормандони соҳа дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёми имсола бармеояд, ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда иброз доштанд, ки барои дар амал татбиқ намудани онҳо, аз ҷумла дар самти расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчунин ташкили ҳарчи бештари ҷойҳои нави корӣ ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои асосии Вазорати энергетика ва саноат саъю талош варзида, саҳми арзандаи худро дар ин ҷода хоҳанд гузошт.

Апрель 27, 2012 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст