Барселона – Реал: рӯзи бозӣ дигар шуд
Душанбе, 11 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Вохӯрии дастаҳои футболи “Барселона” ва “Реал”, ки мебоист рӯзи 22 апрел дар варзишгоҳи “Ноу Камп” барпо мегардид, бо сабабҳои номаълум ба рӯзи 21 апрел монда шуд. Дар ин бора сомонаи клуби футболи “Барселона” хабар додааст. Бозии рӯзи 21 апрел сеюмин дидори ин дастаҳо дар мавсими ҷорӣ ба ҳисоб меравад. Дар вохӯрии нахустин барои Ҷоми олии Испания “Барселона” дар майдони худ бо натиҷаи 3 бар 2 пирӯз гардида, дар бозии ¼ ниҳоӣ бозиро мусовӣ анҷом дод ва ба вохӯрии ниманиҳоӣ роҳ ёфт. “Реал” ва “Барселона” барои ғолиб омадан дар чемпионати Испания муборизаро давом медиҳанд. Баъди 31 давр “Реал” бо 79 имтиёз дар зинаи аввал ва “Барселона” бо 75 имтиёз дар зинаи дуввум қарор доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






