Беҳтарин соҳибкори Душанбе муайян шуд

Апрель 19, 2012 16:37

Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фарҳод Мирзоев, роҳбари ҶДММ «Газпром- нефти Тоҷикистон» дар ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2011» ва ғолиби номгӯйи «Савдо» дониста шуда, бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва Ҷоми фахрии ғолиб сарфароз гардонида мешавад. Озмуни мазкур ҳамасола гузаронида мешавад ва ҳадафи он саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳибкорӣ ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, таблиғи дастовардҳои соҳибкорон ва ҳавасмандгардонии онҳо бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар пойтахт аст. Ҳамзамон дар 17 номгӯи дигари озмун, аз ҷумла «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ» Наврӯз Комилов, (ҶСП «Комбинати шири Душанбе), дар «Меъморӣ ва дизайн» Тамара Холиқова ( КДММ «Сохтмон сармоя 2000»), дар «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ» Зафар Қобилов ( ҶДММ «Тоҷикинтурсервис»), дар «Хизматрасонии тиббӣ» Абдушафеъ Ҳоҷиев ( ҶДММ «Фарма»), дар «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат» Маҳмадсаид Зувайдов (ҶСК «Тоҷиксемент»), дар «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ» Фаридун Ҷабборов (ҶДММ «Тиб барои Шумо»), дар «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология» Абдулазиз Ҷобиров (ҶДММ «Фавз» ), «Сохтмон, тармим ва таъмир» Саидраҳмон Хидиров (ҶДММ «Сомон таъминот»), «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ» Муфарраҳ Муҳаббатов (ҶДММ), дар «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ» Абдуҳалим Қодиров (ҶДММ «Ёқут — 2000»), дар «Хӯроки умумӣ» Парвиз Шамсиев ( «Идораи корхонаҷоти Ғизо Ф1 ФУД», «Технологияҳои телекомуникатсионӣ» Мансур Ҳомидов (ҶСП «Индиго Тоҷикистон»), дар «Хизмати маишӣ» Муҳаббат Раҳимов (ҶСК «Меҳмонхонаи Тоҷикистон»), дар «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама» Азамат Зикряев (ҶДММ «Форекс»), дар «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо» Саидюсуф Саидов ( ҶДММ «Алкон-Душанбе») ва дар номгӯи «Технологияи иттилоотӣ» Рустам Ҷониев (ҶДММ «Ориён медиа») соҳибкорони беҳтарин дониста шуданд. Ғолибони озмун аз рӯи ҳар як номгӯй бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ – нишони фахрии озмун дар Рӯзи пойтахт, ки 21 апрел таҷлил мегардад, дар маросими ботантана аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев сарфароз гардонида мешаванд.

Апрель 19, 2012 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад