Беҳтарин соҳибкори Душанбе муайян шуд
Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фарҳод Мирзоев, роҳбари ҶДММ «Газпром- нефти Тоҷикистон» дар ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2011» ва ғолиби номгӯйи «Савдо» дониста шуда, бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва Ҷоми фахрии ғолиб сарфароз гардонида мешавад. Озмуни мазкур ҳамасола гузаронида мешавад ва ҳадафи он саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳибкорӣ ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, таблиғи дастовардҳои соҳибкорон ва ҳавасмандгардонии онҳо бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар пойтахт аст. Ҳамзамон дар 17 номгӯи дигари озмун, аз ҷумла «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ» Наврӯз Комилов, (ҶСП «Комбинати шири Душанбе), дар «Меъморӣ ва дизайн» Тамара Холиқова ( КДММ «Сохтмон сармоя 2000»), дар «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ» Зафар Қобилов ( ҶДММ «Тоҷикинтурсервис»), дар «Хизматрасонии тиббӣ» Абдушафеъ Ҳоҷиев ( ҶДММ «Фарма»), дар «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат» Маҳмадсаид Зувайдов (ҶСК «Тоҷиксемент»), дар «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ» Фаридун Ҷабборов (ҶДММ «Тиб барои Шумо»), дар «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология» Абдулазиз Ҷобиров (ҶДММ «Фавз» ), «Сохтмон, тармим ва таъмир» Саидраҳмон Хидиров (ҶДММ «Сомон таъминот»), «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ» Муфарраҳ Муҳаббатов (ҶДММ), дар «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ» Абдуҳалим Қодиров (ҶДММ «Ёқут — 2000»), дар «Хӯроки умумӣ» Парвиз Шамсиев ( «Идораи корхонаҷоти Ғизо Ф1 ФУД», «Технологияҳои телекомуникатсионӣ» Мансур Ҳомидов (ҶСП «Индиго Тоҷикистон»), дар «Хизмати маишӣ» Муҳаббат Раҳимов (ҶСК «Меҳмонхонаи Тоҷикистон»), дар «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама» Азамат Зикряев (ҶДММ «Форекс»), дар «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо» Саидюсуф Саидов ( ҶДММ «Алкон-Душанбе») ва дар номгӯи «Технологияи иттилоотӣ» Рустам Ҷониев (ҶДММ «Ориён медиа») соҳибкорони беҳтарин дониста шуданд. Ғолибони озмун аз рӯи ҳар як номгӯй бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ – нишони фахрии озмун дар Рӯзи пойтахт, ки 21 апрел таҷлил мегардад, дар маросими ботантана аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев сарфароз гардонида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






