Бемории вараҷа пешгирӣ шуд

Апрель 20, 2012 09:44

Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ (вараҷа) Сайфиддин Каримов, бемории вараҷаи тропикӣ яке аз бемориҳои вазнинтарин ба шумор меравад. Тибқи нишондодҳои омории ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ҷаҳон аз бемории вараҷаи тропикӣ аз 1 то 1,5 млн. нафар ҷони худро аз даст медиҳад.Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи аввалини вараҷаи тропикӣ дар ҶТ соли 1994 ба қайд гирифта шудааст. Бо сабаби набудани шароити табобат шумораи гирифторони бемории вараҷаи тропикӣ дар ҷумҳурӣ афзуд. Соли 2000-ум шумораи беморони мубталои вараҷаи тропикӣ дар ҷумҳурӣ ба 831 нафар расид. Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои ташхисию табобатӣ шумораи беморон коҳиш ёфт.Ба гуфти С. Каримов, соли 2006 дар ҷумҳурӣ 28 ҳодисаи ин беморӣ, соли 2007 -7, 2008 -2 ва солҳои 2009-2010 як ҳодисаи бемории вараҷаи тропикӣ ба қайд гирифта шудааст.Дар айни замон бо гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳо пайдошавӣ ва паҳн гардидани бемории вараҷа пешгирӣ шуд. Бемороне, ки аз хориҷи кишвар ин бемориро бо худ вориди Тоҷикистон мекунанд, дар майдони ҳавоӣ, роҳи оҳан ва ҳангоми вуруд ба кишвар тавассути нақлиёти боркаш аз муоинаи духтурон гузашта, дар ҷойҳои алоҳида нигаҳдорӣ ва табобат мешаванд.

Апрель 20, 2012 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад