«Бо китоб- бо роҳи хуб»
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Дирӯз дар боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Бо китоб- бо роҳи хуб» маҳфили адабию бадеӣ доир гардид.Дар маҳфил вохӯрии хонандагон бо адибон Ҷӯра Ҳошимӣ, Алӣ Бобоҷон, Сафар Давлат, Ҷумъа Мирзо, Рӯзибой Мавлонзода, Ширини Абдулло, Шарифаи Аъзамзод ва Робиаи Холмирзо барпо карда шуд.Ҳамчунин барномаи консертии «Гулу гулдастаҳои як чаманем» бо иштироки хонандагони мактаби миёнаи махсуси мусиқии миллии ба номи З.Шаҳидӣ намоиш дода шуд.Дар маҳфил намоиши китоб таҳти унвони «Китоб нерӯи бузург», хулосаи библиографӣ доир ба намоиш, намоиши дастранҷи бачаҳо, фотомантаж бо унвони «Иди фараҳбахш», фурӯши китобу матбуоти даврӣ доир гардид.Ёдовар мешавем, ки маҳфил бо ибтикори кормандони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, идораҳои маориф ва фарҳанги шаҳри Душанбе (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо), идораи рӯзномаву маҷаллаҳои кӯдакона, Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб», нашриёти давлатӣ, Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ, Маркази ҷумҳуриявии кӯдакон ва ҷавонон баргузор гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






