Бокс: Анвар Юнусов дар вазни худ аввал аст
Душанбе, 25 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Боксчии маъруфи тоҷик Анвар Юнусов, дар раддабандии навини Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) дар вазни то 56 кг дар ҷойи аввал қарор дорад. Ӯ соли гузашта дар мусобиқаи ҷаҳонии бокс дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 56 кг соҳиби медали биринҷӣ гардида, роҳхати Бозиҳои олимпии Лондонро комёб гардид. Дар вазнҳои боқимонда ин боксчиён пешсафанд: Ен Хун Шин (Кореяи Ҷанубӣ) дар вазни то 49 кг, Миша Алоян (Русия) — то 52 кг, Яснел Толедо (Куба) — то 60 кг, Томас Ли Сталкер (Инглистон) – то 64 кг, Тарас Шелестюк (Украина) – то 69 кг, Евгений Хитров (Украина) – то 75 кг, Хулио Сезар Лакруз Пераза (Куба) – то 81 кг, Теймур Маммадов (Озарбойҷон) – то 91 кг ва Муҳаммадрасул Маҷидов (Озарбойҷон) дар вазни беш аз 91 кг.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






