Бокс: Назаров ва Қурбонов дар даври нимниҳоӣ
Душанбе, 9 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ду муштзани тоҷик Собирҷон Назаров ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазнҳои 75 кг ва 81 кг ба бозихои нимниҳоии интихобии Осиё барои роҳхат ба Бозиҳоии олимпии Лондон, ки дар шаҳри Остона идома дорад, роҳхат гирифтанд. Собирҷон Назаров рақибонаш – Кгиангкай Сукхум (Тайланд) ва Ю-Тинг Янг (Тайван)-ро бо ҳисоби якхелаи 16:11 ба шикаст рӯ ба рӯ карда, новобаста аз натиҷаи бозихои минбаъда соҳиби роҳхат ба бозиҳои олимпӣ гардид. Дар рақобати навбатӣ боксчии мо бо чемпиони дукаратаи ҷаҳон Аббос Атоев аз Ӯзбекистон қувва месанҷад. Дар навбати худ Ҷаҳон Қурбонов муштзани муғул Ерденебаяр Сандаксуренро бо натиҷаи 19 бар 16 шикаст дод. Дар вазни 91 кг Диловаршо Абдураҳмонов аз боксчии қазоқ Василий Левит бо натиҷаи 18 бар 2 мағлуб гашт.Се муштзани дигари мо — Асрор Воҳидов (49 кг), Назири Пиракӣ (64 кг) ва Меҳроҷиддин Каримов (+91 кг) бо рақибони худ қувваозмоӣ мекунанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






