Бокс: як ғалабаву як бохт
Душанбе, 11 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар идомаи бозиҳои интихобии Осиё барои роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондон доир ба бокс дирӯз Асрор Воҳидов дар вазни 49 кг ҳарифи худ Носир Ҳасанро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бо натиҷаи 13 бар 11 шикаст дода, ба даври дигар гузашт. Бино ба хабари сомонаи www.aiba.com “Асрор- беҳтарин боксчии навраси соли гузашта бар ҳарифи 19 солаи эронии худ бартарӣ дошт ва бо ҳунари олӣ ва зарбаҳои пайдарпаяш ҳарифро маҷбур мекард, ки ба хатоӣ роҳ диҳад”. Боксчии дигари мо Меҳроҷиддин Каримов дар вазни + 91 кг аз рақиби худ Зианг Зилей бо нишондоди 1 бар 15 пеш аз мӯҳлат мағлуб гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






