Боло бурдани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ

Апрель 9, 2012 17:07

Душанбе, 9 апрел. ( АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-10 апрели соли 2012 дар толори конфронсии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Афзун кардани огоҳии намояндаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, ҳукумати маҳаллии вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ доир ба масоили ҳисоботи дохилӣ ва таъминоти иҷтимоӣ», ки аз ҷониби шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ маблағгузорӣ шуда, аз тариқи СҶ «Рушди деҳот» ва аъзои шабакаи «Марказҳои кӯмаки ҳуқуқӣ» амалӣ мегардад, сӯҳбати мизи мудаввар дар мавзӯи «Шарикӣ: таҷриба ва дурнамои афзун кардани огоҳии ҳуқуқии намояндаҳои соҳибкории хурду миёна» баргузор мегардад. Дар сӯҳбати мизи гирд масоили сетарафаи ҳамкорӣ, таҳким ва тавсеаи робита бо мақомоти ҳукуматӣ, созмонҳои байналхалқӣ ва сектори хусусӣ доир ба афзун кардани огоҳии ҳуқуқӣ баррасӣ мегардад. Ҳамчунин натиҷаи фаъолият ҳангоми татбиқи лоиҳа муаррифӣ мешавад.Дар мизи гирд Манзура Маҳкамова – муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кристофер Миллер – намояндаи кишварии Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ, Зуҳра Халимова — директори Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон суханронӣ мекунанд.

Апрель 9, 2012 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад