Боздиди Ҷеймс Мэттис аз Тоҷикистон
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Фармондеҳи Ҳайати фармондеҳони марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Чеймс Мэттис дар ҳошияи сафари навбатиаш ба минтақа аз 30 март то 1 апрел дар Тоҷикистон буд. Тавре аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, генерал Мэттис бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва мансабдорони баландпояи Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои минтақа ва беҳтар дарк намудани вазъияти он табодули афкор намуд. Мавсуф бори дигар қайд намуд, ки ҳамкории Тоҷикистон барои суботу пойдории минтақа кӯмаки бузург расонид. Генерал Мэттис изҳор дошт, ки Ҳайати фармондеҳони марказӣ ҳамкориро бо Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои дорои аҳамияти умумӣ идома хоҳад дод.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






