Бозёфти нодир аз Ҳисор
Ҳисор, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Сокини деҳаи Шоли ноҳияи Ҳисор Ашӯралӣ Салимов ҳангоми кишт миқдори зиёди сарватҳои бебаҳои таърихию фарҳангӣ, ашёи гуногуни фулузии рӯзгор, аз қабили косаву табақҳои гуногунҳаҷм, офтобаҳо, лаълиҳо, чароғпоя, сандуқчаҳои ороишии занона, кӯзаҳои мису биринҷии мунаққаш ва катибадорро дарёфт намуд. Бозёфти нодир аз ҷониби мутахассисони шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев ва Дилафрӯз Назарова тадқиқу ташхис шуд. Онҳо муайян карданд, ки ин бозёфти нодиртарин дар даҳ соли охир буда, ба давраи асримиёнагӣ тааллуқ дорад ва тавсия доданд, ки ин нигораҳо ба мақомоти марбутаи таърихию фарҳангӣ супорида шавад. Ашёи бозёфтшуда дар шакли коллексия ҷойгир шуда, аҳамияти бузурги таърихӣ доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






