Бунёди боғи зардолу ва токзор
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Имсол дар хоҷагиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар масоҳати 163,3 гектар токзор бунёд гардид. Аз ҷумла дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода дар масоҳати 84 гектар ва дар ноҳияи Рӯдакӣ дар 26 гектар токзор бунёд шуд, ки нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо нишондиҳандаи беҳтарин мебошад. Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 8497 гектар боғи зардолу ва токзор бунёд мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






