Бунёди Шамс осори мавлавишиносонро нашр менамояд

Апрель 26, 2012 11:35

Душанбе, 26 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Сеюмин нишаст аз силсиланишастҳои Бунёди Шамси Табрезӣ бо ҳамкории Муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (CҲИ) дар Теҳрон баргузор гардид. Шоҳмансури Шоҳмирзо, намояндаи Тоҷикистон дар СҲИ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар нишаст мавлоношиноси машҳури эронӣ Тавфиқи Субҳонӣ дар мавзӯи «Бурҳониддини Муҳаққиқи Тирмизӣ:мураббии Мавлоно» суханронӣ намуд. Вай дар бораи сирати маънавии Бурҳониддини Муҳаққиқи Тирмизӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар шаклгирии шахсияти Мавлоно ишора намуда, ахбори тазкира ва таърихномаҳо, инчунин ишораҳои Мавлоноро дар «Девони Кабир» ва «Маснавии маънавӣ» дар бораи ин чеҳраи саршинос зикр намуд. Бурҳониддини Муҳаққиқи Тирмизӣ дӯст ва муриди Баҳоуддин,падари Мавлоно Ҷалолуддин буд, ки тибқи васияти ӯ пас аз даргузашташ тарбияти маънавӣ ва ҳидояти рӯҳонии Мавлоноро бар ӯҳда гирифт. Гуфтанист Бунёди Шамси Табрезӣ ҳар моҳ нишастеро бо ширкати аҳли адабу фарҳанг ва намояндаҳои ройзаниҳои фарҳангии муқими Теҳрон дар Дафтари омӯзишии Муассисаи фарҳангии СҲИ Теҳрон барпо менамояд. Суханрониҳое, ки дар нишаст садо медиҳанд, дар шакли лавҳи фишурда(СД) дар ихтиёри муштоқони каломи форсӣ қарор мегиранд.Доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ, раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ мегӯяд: дарҳои Бунёди Шамси Табрезӣ бар рӯи ҳамаи пажуҳишгарони осори Мавлоно дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон боз аст. Ҳар касе дар ин замина пешниҳоди созандае дорад, онро ба мо баён намояд ва ё дар риштаи мавлоношиносӣ таҳқиқ ва пажӯҳиши тозае дорад, Бунёди Шамс омода аст онро чоп намояд.

Апрель 26, 2012 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид