Бурду бохти фаъолияти семоҳа

Апрель 16, 2012 12:05

Хоруғ, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Раёсати тандурустии ВМКБ аз фаъолияти семоҳааш ҳисобот дод. Тавре сардори Раёсати тандурустии вилоят Саидбек Давлатбеков ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳоло дар ҳудуди вилоят 229 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаолият дорад, ки 163 тоаш бунгоҳҳои тиббӣ мебошанд. Ҳамчунин 2 таваллудхонаи минтақавӣ, 35 маркази саломатии деҳот ва 17 беморхонаи минтақавӣ ба муолиҷаи ниёзмандон машғуланд.Соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ биноҳои нави бемории сил, корхонаи дорусозӣ ва дар навоҳӣ бунгоҳу марказҳои саломатӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳоло дар вилоят 47 нафар духтурони тибби оилавӣ ва 142 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ фаъолият доранд. Бори нахуст беморхонаҳои ҷамоати деҳоти Сипонҷ ва Басиди ноҳияи Рӯшон тариқи таҷрибавӣ ба маркази хидматрасонии тибби оилавӣ табдил дода шудаанд.Саидбек Давлатбеков аз вазъи ҷилавгирии фавти модару кӯдак дар ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб изҳори нигаронӣ карда, қайд намуд, ки барои сари вақт таъмин кардани беморон бо доруи зарурӣ ва муолиҷаи хушсифати онҳо тадбирҳо андешида мешаванд.

Апрель 16, 2012 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард