“Челси” “Барселона”-ро ноком кард
Душанбе, 25 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар дидори баргашти бозиҳои нимниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо клуби футболи “Челси” ҳарифи қудратманди худ “Барселона”-и Испанияро аз идомаи бозиҳо барканор кард. Дар варзишгоҳи “Камп Ноу” футболбозони англис тавонистанд бартарии як голи дар бозии рафт задаашонро то ба охир нигоҳ дошта, бо натиҷаи 2 бар 2 бозиро мусовӣ анҷом диҳанд. Дар давоми бозӣ баъди аз майдон ронда шудани Ҷон Терри дар дақиқаи 37-ум маҳорати касбии футболбозони “Челси” имкон надод, ки католониҳо ба мақсад расанд. Лионел Мессӣ ҳам ҷазои 11 метраро хато зад ва он ба тири дарвоза бархӯрд. Ҳамин тавр, голҳои Серхио Бускетс дар дақиқаи 35 ва Андрес Инйеста дар дақиқаи 43 ба голҳои задаи Рамирес ва Фернандо Торрес ҳаммаъно набуданд. Акнун “Челси” ҳарифи худро дар финал баъди бозии дуввуми нимниҳоӣ байни тимҳои “Реал” ва “Бавария”(1:2) , ки имрӯз барпо мегардад, пайдо хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






