Дар қасабаҳои 14-15-и «Ховарон» манзил бунёд мегардад

Апрель 13, 2012 13:51

Душанбе, 13 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 712 нафар шаҳрванди эҳтиёҷманди пойтахт дар асоси қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар қасабаҳои /кварталҳои/ 14 ва 15-уми маҳаллаи «Ховарон» /Теппаҳои Шарқӣ/ бо қитъаҳои замин дар масоҳати 3 садякӣ (0.03 га) ҷиҳати бунёди хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд. Аз 712 нафар эҳтиёҷманд 208 нафарашон сокинони ноҳияи Сино, 168 нафарӣ аз ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошанд. Вазъи зисти шаҳрвандони эҳтиёҷманд, ки бо қитъаҳои замин таъмин гардиданд, қаблан аз ҷониби Комиссияҳои ҷамъиятии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба таври шаффоф ва одилона омӯхта шудаанд. Шавкат Саидов, котиби матуботии раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, ки таъмини оилаҳои эҳтиёҷманд дар қасабаҳои 14 ва 15-уми маҳаллаи «Ховарон» дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҷараён гирифтааст. Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки алҳол дар сохтори марбутаи шаҳрдорӣ беш аз 25 ҳазор аризаи шаҳрвандон ҷиҳати гирифтании қитъаи замин вуҷуд дорад, ки шаҳрдорӣ алҳол имконияти таъмини тамоми касонеро, ки бо ариза муроҷиат кардаанд, надорад.

Апрель 13, 2012 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд