Дар бораи кишти баҳорӣ дар вазорат чӣ гуфтанд?
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Райёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи дурнамои вазорати мазкур дар соли ҷорӣ дар майдони 130 ҳазор гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад. То 9-уми апрели соли 2012 ҳамагӣ дар масоҳати 63 ҳазор гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки он баробари 48 фоизи нақшаи пешбинишудаи вазорат мебошад. Дар айни замон хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд дар маъракаи кишти мазкур пешқадам буда, онҳо дар масоҳати бештар аз 31 ҳазор гектар кишти баҳорӣ гузаронидаанд. Дар вилояти Хатлон дар ин муддат ҳамагӣ дар майдони 12 ҳазор гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар масоҳати 18 ҳазор гектар ғалла кишт карда шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






