Дар чор моҳ 155 ҳодисаи офати табиӣ

Апрель 30, 2012 10:28

Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар се моҳи аввали соли 2012 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 155 ҳодисаи офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 53 манзили зист пурра хароб гардидааст.Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳаҷми маблағи зарари офати табиӣ беш аз 2 млн. 324 ҳазор сомониро ташкил додааст.Ба иттилои маркази матбуоти кумитаи мазкур, дар рӯзҳои боронӣ бар асари фаромадани сел даҳҳо километр роҳҳои автомобилгард, манзили зисти шаҳрвандон, замини кишт, шумораи зиёди чорво, шабакаҳои таъминоти об, беш аз 20 кӯпрук ва даҳҳо қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинони ҷумҳурӣ осеб дидааст.Дар айни замон корҳои барқароркунӣ дар тамоми мавзеъҳои зарардида идома доранд.

Апрель 30, 2012 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад