Дар Кӯлоб бақияпулии андоз зиёд мегардад

Апрель 7, 2012 10:40

Кӯлоб, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии андоз моҳ ба моҳ мушкил гардида, боиси иҷро нагардидани нақшаи андоз мегардад. Бино ба иттилои сардори нозироти андози шаҳри Кӯлоб Фарҳод Қурбонов қарзи андоз аз тарафи ташкилоту муассисаҳо дар се моҳи соли ҷорӣ ба 9 миллиону 300 ҳазор сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба гуфтаи манбаъ Корхонаи обу ташноб, Идораи давлатии хоҷагии об, Ҷамъияти матлубот, хоҷагии деҳқонии «Обиди Сироҷ», хоҷагии деҳқонии «Сафар» ва дигар ташкилоти бонуфуз аз андоз қарздор буда, масъулин дар пардохти он хунукназарона рафтор менамоянд. Аз тарафи нозироти андоз барои сари вақт пардохт накардани андоз нисбат ба Ҷамъияти матлубот қарор дар бораи ҳабси амвол тартиб дода шудааст.

Апрель 7, 2012 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд