Дар Маскав конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
Маскав, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Бо ибтикори Дастгоҳи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Русия ва котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 12 апрел дар Маркази миллии идораи вазъиятҳои бӯҳрономези Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия конфронси 9 — уми илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ — омили нави таъмини сулҳу амнияти АвруОсиё» баргузор мегардад. Дар конфронс ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Арманистон, масъалаҳои мубрами фаъолияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва нерӯи он ҷиҳати таъмини амнияту суботи минтақа, вазифаҳои такмили низоми муқобилати дастаҷамъӣ ба қувваю тамоюлҳои вайронкор, масъалаҳои ҳамкорӣ бо НАТО , ҳамчунин фаъолияти байнипарлумонии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷиҳати тарҳрезии асосҳои қонунгузории бахши амнияти минтақавию миллӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.Ба конфронс муовини раиси Ҳукумати Русия Дмитрий Рогозин, вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа ва котибони Шӯроҳои амнияти Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Ӯзбекистон даъват шудаанд.Дар ин бора котиби матбуоти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Владимир Зайниддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






