Дар Русия боз се шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок гардид
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова – Бар асари сӯхтор дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Русия се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок гардиданд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ, бар асари сӯхторе, ки 10 апрел дар ҳудуди ноҳияи Ломоносови шаҳри Санкт – Петербург рух дод, сокини ноҳияи Конибодом Муҳаббат Аъзамова, духтараш Таҳмина ва писари яксолааш Рамазон ҳалок гардиданд.Назар ба маълумоти расмӣ, сӯхтор бар асари иллати манқали барқӣ ё вайрон кардани қоидаҳои бехатарии истифодаи нерӯи барқ рух додаст.Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт — Петербург аз рӯи ин ҳодиса тафтишот мегузаронанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






