Дар Тоҷикистон Маркази захиравии ТСЗ ташкил меёбад
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 11 апрел дар шаҳри Душанбе созишномаи байни намояндагии Бунёди нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар ҶТ ва Академияи маорифи Тоҷикистон дар бораи ташкили Маркази захиравӣ оид ба тарзи солими зиндагӣ имзо гардид. Мақсад аз ташкили марказ тарҳрезӣ ва беҳдошти барномаҳои миллӣ, таҳия ва интишори китобҳои дарсӣ барои синфҳои 10 ва 11 мебошад. Намояндагии Бунёди нуфуси СММ дар ҶТ таҷҳизоти мукаммалеро барои ташкили Маркази захиравӣ ба Академияи маорифи Тоҷикистон тақдим менамояд. Дар ин бора президенти Академияи маорифи Тоҷикистон академик Ирина Каримова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






