Даромади пулии аҳолии ҶТ 45,1% афзуд

Апрель 23, 2012 13:32

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Мувофиқи маълумоти пешакӣ, тайи моҳҳои январ ва феврали соли равон даромади пулии аҳолии Тоҷикистон беш аз 3 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 аз рӯи нархҳои аслӣ баробари 45,1 фоиз зиёд аст.Назар ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, хароҷоти пулӣ ва пасандози аҳолӣ дар давраи зикршуда беш аз 3 миллиарду 500 миллион сомониро ташкил дод.Музди миёнаи номиналии ҳармоҳаи кормандони иҷоравӣ моҳи феврали соли 2012 – ум 533 сомониро ташкил дода ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,5 фоиз афзуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни паёмаш ба парлумони кишвар 20 апрел зикр намуд, ки аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди ҳадди ақали аҳолӣ 2,5 баробар зиёд гардида, ҳаҷми он аз 80 ба 200 сомонӣ расонида мешавад.

Апрель 23, 2012 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд