Дарсҳои махсуси масъулини дин
Душанбе, 12 апрел.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири баланд бардоштани савияи дониши сиёсии кормандони Кумита ва тақвияти рӯҳияи ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ, посдории арзишҳои миллӣ дарсҳои махсусро ба роҳ мондааст. Ибтидо аз соли нав ҳар моҳ ду маротиба чунин дарсҳо бо ширкати олимону сиёсатмадорони кишварамон гузаронида мешаванд. Дар дарсҳо мутахассисон аз ҳисоби дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои кишвар даъват карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дирӯз дар Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси навбатӣ дар мавзӯи “Худшиносии миллӣ ва шуури таърихӣ» гузаронида шуд ва дар он олим ва сиёсатмадор Кароматулло Олимов ҳузур дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






