Дастгирии тиҷорати наздисарҳадии байни ҶТ ва ҶИА
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Агентии оид ба рушди байналмилалии ИМА дар арафаи Конфронси V ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон якҷоя бо Бунёди Оғохон ва дар радифи ҳамкории зич бо ширкати «Помир Энерҷи» созишномаи мусоидат ба тиҷорати наздисарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон дар бахши нерӯи барқро имзо намуданд.Дар асоси ин ҳуҷҷат деҳаҳои Тиҷмой, Пидруд ва Виёди шаҳраки Сарчашма бо нерӯи барқ таъмин мешаванд. Ҳамаи корҳо барои бунёди нерӯгоҳҳои хурд дар давоми 15 моҳ анҷом меёбанд.Эъмори хатҳои иловагии интиқоли барқ дар деҳаҳои зикршудаи ноҳияи Шуғнон ба рушди фаъолияти иқтисодӣ ва густариши корхонаҳои тиҷоратии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат хоҳад кард.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






