Дастовардҳои хонандагон дар корҳои эҷодӣ

Апрель 10, 2012 11:12

Суғд, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар литсей-интернати муштараки тоҷикию турки шаҳри Хуҷанд намоиши анъанавии илмию эҷодии хонандагону омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он қариб 500 корҳои эҷодӣ, лоиҳа ва барномаҳо пешниҳод шуд. Хонандагон дар лоиҳаю барномаҳо, моделҳои эҷодии хеш ба доираи васеи мавз=от аз фанҳои дақиқ, ҳаёти инсон, табиату ҷамъият, одобу ахлоқ ва масъалаҳои гуногун зиндагӣ даст заданд. Лоиҳаҳои сохтмони иншооти таъиноти гуногун ва бунёди шаҳраку маҳалли зист, ки хонандагон эҷод кардаанд, бо дарназардошти ҳамаи меъёрҳову талаботи сохтмон ва истиқомати аҳолӣ, хеле ҷолиб аст. Бо ин хонандагон истеъдоду тахаюли эҷодии хешро нишон доданд. Ҳар як лоиҳа, барнома ва модели хонандагон маънӣ, моҳият ва услуби ба худ хос дошт.

Апрель 10, 2012 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд