«Дастрасӣ ба иттилоот»-ҷамъомади ҳуқуқӣ

Апрель 24, 2012 17:06

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Фирўза Давлатова)- 27 апрел дар бинои мақомоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон барои кормандони ваколатдори ҳуқуқи инсон, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзўи «Дастрасӣ ба иттилоот» мизи мудаввар баргузор мегардад. Дар кори он намояндагони мақомот ва сохторҳои гуногуни давлатӣ иштирок намуда, мавзўъҳои дастрасӣ ба иттилоот дар ҶТ, мушкилот ва ва пешомадҳо, таҷрибаи мусбат дар дастрасӣ ба иттилоот, се масъалаи асосии ҳуқуқ ба дастрасии иттилоот тибқи қонунгузории ҶТ, такмили қонунгузории дастрасӣ ба иттилоот ва озодии сухан, дахлнопазирӣ ба ҳаёти шахсӣ ва дастрасӣ ба иттилоот, ҳаёти шахсӣ ва дастрасӣ ба иттилоот- таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, нақши Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар пешбурди дастрасии ҷомеа ба иттилоот доир ба ҳуқуқи инсон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.

Апрель 24, 2012 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад