Дастури раҳнамо
Ҳисор, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- «Паёми имсолаи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Миллӣ ҳамчун ҳуҷҷат ва дастури раҳнамо дар тамоми соҳаҳо мардумро ба пешравию комёбиҳо ҳидоят хоҳад кард»,- иброз дошт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси ноҳияи Ҳисор Холбибӣ Давлатова.«Сокинони ноҳияи Ҳисор ин Паёмро хуш пазируфтанд. Аллакай мо гурӯҳҳои махсуси тарғиботию ташвиқотӣ таъсис додаем, ки дар ҳамаи ҷамоатҳо бо мардум вохӯрда, мазмуну мӯҳтавои ин ҳуҷҷати муҳимро ба мардум мефаҳмонанд. Дар ҳақиқат ин хуҷҷат мардумро ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, ободиву гулгулшукуфии фардои Ватан ҳидоят мекунад. Ман аминам, ки дар асоси ин дастури раҳнамо Ҳисори шодмон боз ҳам обод мешавад ва мо 3000- солагии тамаддуни ин зебодиёрро ба таври арзанда истиқбол хоҳем гирифт»,- гуфт Х. Давлатова.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






