Дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ наздик аст
Душанбе, 4 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи таҳқиқоти геологҳои тоҷик захираи ангишт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 4,5 -5 миллиард тоннаро ташкил медиҳад. Ин матлаб зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт», ки онро 4 апрел палатаи поёнии парлумони мамлакат –Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул кард, зикр шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади беҳбуди вазъи иқтисодии кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат ва рушди соҳаи металлургия таҳия шудааст. Дар зарфи се соли охир истеҳсоли ангишт дар кишвар аз 50 ҳазор тонна ба 246 ҳазор тонна расонида шуда, дар конҳои Назарайлоқ, Фондарё, Зиддӣ, дар маҷмӯъ дар 14 майдон захираи бузурги ангишт дар кишвар вуҷуд дорад, ки онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Зимни тавзеҳи масъалаи мазкур Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ гуфт, ки зарурати таҳия ва қабули ин қонун ба талаботи рӯзафзуни аҳолии кишвар ба ангишт ва ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ рабт дорад. Сӯҳроб Шарифов, вакили палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳаи қонун «Дар бораи ангишт» фаъолияти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳуриро дар мавриди таъмини аҳолии кишвар бо нерӯи барқ ва гармӣ интиқод намуда, аз Гул Шералӣ пурсон шуд, ки чаро дар зарфи даҳ соли охир дар Тоҷикистон ягон Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ /ТЭЦ/ сохта нашудааст. Ҳол он ки бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Чин ҷиҳати сохтмони Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ созишнома ба имзо расидааст ва сохтмони чунин иншоот имкон медод, ки аксари мардуми кишварамон бо барқ таъмин гарданд. Сӯҳроб Шарифов бо исрор савол кард, ки чаро Вазорати энергетика ва саноат барои бартараф намудани бӯҳрони энергетикӣ дар кишвар саъю кӯшиши ҷиддӣ намекунад? Гул Шералӣ дар посухи саволи вакили парлумон гуфт, ки сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва раҳоӣ аз бӯҳрони энергетикӣ дар мадди назар ва таҳти назорати Роҳбари давлат қарор дорад. Дар мавриди татбиқи созишнома барои сохтмони Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ мо кор карда истодаем,- афзуд вазир. Тибқи шартномае, ки байни Тоҷикистону Чин баста шудааст, дар шаҳри Душанбе Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 270 мегаватт сохта шуда, байни ноҳияҳои Конибодом ва шаҳри Исфара бо иқтидори 300 мегаватт сохтмони Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ ба нақша гирифта шудааст. Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати кишвар афзуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 269 адад нерӯгоҳи хурди обӣ бунёд гардидааст. Соли гузашта ба ҷумҳурӣ 2500 адад батареяи офтобӣ ба тариқи грант ворид гардид ва ба аҳолии минтақаҳои кӯҳии кишвар, хусусан Бадахшон тақсим карда шуд. НБО «Сангтӯда-1» дар ин муддат бо иқтидори 670 мегаватт ба истифода дода шуд, агрегати якуми НБО «Сангтӯда -2» бо иқтидори 110 мегаватт ба кор шурӯъ кард. Алҳол мо дар 6 иншооти дигари гидроэнергетикӣ – дар НБО «Шӯроб» қариб 1000 мегаватт, НБО «Айнӣ» 160 мегаватт, «Оббурдон» 130 мегаватт, «Нуробод-1» 350 ва «Нуробод-2» 260 мегават асосноккунии техникиро омода карда истодаем. Вазир таъкид кард, ки лоиҳаҳо омодаанд ва мо дар ҷустуҷуӣ сармоягузорон ҳастем. Лоиҳаҳо ба вазоратҳои марбутаи кишвар ирсол гардидаанд ва умед аст, ки онҳо дар оянда амалӣ мешаванд ва кишварамон ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф мегардад.14.38.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






