Даъват ба ҳамкорӣ
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2012 “Қоидаҳои муқаррар намудани талаботи тахассусӣ ба барҳамдиҳанда, мудири махсуси ташкилоти қарзӣ ва тартиби гирифтани шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон” таҳия шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 феврали соли 2012 тасдиқ шудааст. Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти қабули қоидаҳои мазкур хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани Шаҳодатномаи мудири махсус ва ё барҳамдиҳанда бо ариза ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Ба диққати хонандагон расонида мешавад, ки қоидаҳои мазкур дар сомонаи бонк дар зербанди “Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ”, боби “Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ” ҷойгир карда шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






