Дидори Қодири Қосим аз Ишкошим
Хоруғ, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим аз ноҳияи Ишкошим дидан намуд.Ин боздиди корӣ бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба манзури расонидани кӯмак ба шахсони аз офатҳои табиӣ зарардидаи мавзеъҳои дурдасти вилоят сурат гирифт.Раиси вилоят ва ҳамсафаронаш бо сокинони ҷамоати деҳоти Вранг, ки манзилҳояшон бар асари офатҳои табиӣ осеб дидаанд, сӯҳбат намуда, тасмим гирифтанд, ки барои ҳар оилаи аз офати табиӣ осебдида ба маблағи аз 1 ҳазору 100 сомонӣ то 2,5 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шавад. Ҳамчунин қарор дода шуд, ки 16 хонаводаи аз офатҳои табиӣ зарардидаи деҳаи Вранг ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шаванд. Ҳоло бо кӯмаки сокинони маҳаллӣ ва Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилоят барои барқарор намудани каналу ҷӯйборҳои аз офати табиӣ зарардида корҳои барқарорсозӣ идома доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






