Ду лоиҳаи нав амалӣ гардид
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Ҳукумати Ҷопон барои татбиқи лоиҳаҳои рушд дар ноҳияҳои Файзобод ва Ваҳдат 205 ҳазору 407 доллари ИМА пешниҳод намуд. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Файзобод ва Ваҳдат, ҳамчунин бо созмони ҷамъиятии «Сайёр» ва дастгирии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ду лоиҳа дар амал татбиқ карда шуданд.Ҳукумати Ҷопон дар ҳошияи кӯмаки бебозгашт ба лоиҳаҳои амнияти гуманитарии табақаҳои васеи аҳолии кишвар ба маблағи 111 ҳазору 352 доллар ёрии беғаразона расонид. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа бинои беморхонаи ноҳияи Файзобод таъмир гардида ва он бо таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла бо дастгоҳҳои гуногун таъмин карда шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






