Ду медали тилло ва як нуқра дар дзю-до
Душанбе, 16 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ доир ба дзюдо ба хотираи мураббии хизматнишондодаи Қазоқистон Валерий Клобутско миёни ҷавонон баргузор гардид. Дар он 320 дзюдочӣ аз кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия Ӯзбекистон, Туркманистон ва соҳибони майдон ширкат карданд. Дар мусобиқа шарафи кишвари моро дар вазни -73 кг Саидмухтор Расулов, бародарон Рашид Зиёбеков дар вазни 81 кг ва Рауф Зиёбеков дар вазни -90 кг ҳимоя карданд. Дар натиҷа Саидмухтор ва Рашид барандаи медали тилло ва Рауф сазовори медали нуқра гардиданд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпӣ ба «Ховар» хабар доданд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






