Дурнамои истеҳсоли пилла-1860 тонна
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ба иттилои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011 дар «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди он дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2012-2020» истеҳсоли пилла дар ҷумҳурӣ 1860 тонна пешбинӣ шудааст. Бо мақсади таъмини хоҷагиҳои кирмакпарварӣ бо тухми кирмаки хушсифат сармоягузорон ҶДММ «Дӯстии Афғонистон» 17000 қуттӣ ва ҶДММ «Дук» 5000 қуттӣ аз хориҷи кишвар тухми кирмак ворид кардаанд. Дар айни замон сармоягузорон кирмакпарваронро пеш аз тақсимоти тухми кирмак бо маводи лозимӣ: коғазҳои такандоз, сӯрохдор, ҳароратсанҷ, намисанҷ, шолча ва маблағ таъмин карда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки дар корхонаҳои тухми кирмаки ҷумҳурӣ ба миқдори 6100 қуттӣ тухми кирмак тайёр шудааст, ки барои аз касалии пебрина эмин будан аз комиссияи назорати давлатӣ гузаштааст. Ҷиҳати афзун намудани базаи хӯрокаи кирмак дар хоҷагиҳои кирмакпарварии ҷумҳурӣ 200 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шуда ва 12 гектар тутзори нав бунёд шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






