Дурнамои мубориза бар зидди малах

Апрель 5, 2012 14:31

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ Қ. Қосимов аввалин ситоди ҷумҳуриявии мубориза бар зидди малах дар соли 2012 баргузор гардид. Дар он аъзои ситод, намояндагони Вазорати молия, Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиа, Идораи ҷангали ҷумҳурӣ, сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, мутахассисони соҳа ва расонаҳои хабарӣ иштирок намуда, масъалаҳои захираи моддию техникӣ, қувва ва таҷҳизот барои соли 2012, омодагии корхонаҳои зертобеи КҶВД «Мубориза бар зидди малах» дар гузаронидани коркарди кимиёвӣ дар соли 2012, ҷудо намудани маводи зарурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2012-ро муҳокима намуданд.  Зикр шуд, ки аз маблағҳои ҷудогардида техника, либосҳои муҳофизавӣ, дорупошакҳои дастӣ ва муҳаррикдор ва дигар маводи зарурӣ харид ва захира шудаанд. Истифодаи мавод дар гузаронидани коркарди кимиёвӣ, риояи меъёри истифодаи заҳрдоруҳо ва техникаи бехатарӣ вазифаҳои аввалиндараҷаи ситод аст. Ба аъзо барои ташкили ситодҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, тартиб додани харитаҳо, истифодаи самараноки заҳрдоруҳо, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ, бо мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва омода намудани дастурамал супоришҳои мушаххас дода шуд Бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (ФАО) «Барномаи мубориза бар зидди малах барои солҳои 2012-2016 дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз» тасдиқ гардид. Иҷрои ин барнома имконият медиҳад, ки мушкилоти байнисарҳадии ҷумҳуриҳои ҳамсоя доир ба гузариш ва парвози малахҳо ҳалли худро ёбад ва барои пешравии кори мубориза бар зидди малах мусоидат намояд. Инчунин аз тарафи мутахассисони корхона дурнамои мушоҳидаи баҳорӣ тартиб дода шудааст.

Апрель 5, 2012 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд