Дурнамои мубориза бар зидди малах
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ Қ. Қосимов аввалин ситоди ҷумҳуриявии мубориза бар зидди малах дар соли 2012 баргузор гардид. Дар он аъзои ситод, намояндагони Вазорати молия, Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиа, Идораи ҷангали ҷумҳурӣ, сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, мутахассисони соҳа ва расонаҳои хабарӣ иштирок намуда, масъалаҳои захираи моддию техникӣ, қувва ва таҷҳизот барои соли 2012, омодагии корхонаҳои зертобеи КҶВД «Мубориза бар зидди малах» дар гузаронидани коркарди кимиёвӣ дар соли 2012, ҷудо намудани маводи зарурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2012-ро муҳокима намуданд. Зикр шуд, ки аз маблағҳои ҷудогардида техника, либосҳои муҳофизавӣ, дорупошакҳои дастӣ ва муҳаррикдор ва дигар маводи зарурӣ харид ва захира шудаанд. Истифодаи мавод дар гузаронидани коркарди кимиёвӣ, риояи меъёри истифодаи заҳрдоруҳо ва техникаи бехатарӣ вазифаҳои аввалиндараҷаи ситод аст. Ба аъзо барои ташкили ситодҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, тартиб додани харитаҳо, истифодаи самараноки заҳрдоруҳо, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ, бо мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва омода намудани дастурамал супоришҳои мушаххас дода шуд Бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (ФАО) «Барномаи мубориза бар зидди малах барои солҳои 2012-2016 дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз» тасдиқ гардид. Иҷрои ин барнома имконият медиҳад, ки мушкилоти байнисарҳадии ҷумҳуриҳои ҳамсоя доир ба гузариш ва парвози малахҳо ҳалли худро ёбад ва барои пешравии кори мубориза бар зидди малах мусоидат намояд. Инчунин аз тарафи мутахассисони корхона дурнамои мушоҳидаи баҳорӣ тартиб дода шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






