Эй сорбон, оҳиста рон!

Апрель 19, 2012 14:03

Душанбе, 19 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки тибқи он минбаъд аз ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон мекунанд, дар ҷои ҳодиса бо назардошти андозаи зарари расонидаашон ҷарима ситонида мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат муҳокима ва қабул гардид.  Фарҳодбек Шодмонбеков, муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо шарҳи масъалаи мазкур дар назди вакилони парлумон гуфт: ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт, коҳиш додани сатҳи садамаҳо ва таъмини амният дар роҳҳои кишвар, тақвияти таъсири чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ андешида шудааст. Шодмонбеков афзуд, ки бо зиёд шудани теъдоди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кишвар сатҳи садамаҳои нақлиётӣ афзудааст. Танҳо дар се моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 91 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки сабаби асосиаш баланд кардани суръати нақлиёт аз ҷониби ронандагон мебошад. Дар натиҷа 41 нафар ҳалок гардида, 90 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳрҳои кишвар суръати ҳаракати нақлиёт 60 км дар як соат, дар қисматҳои беруни шаҳр 80 км дар як соат (ғайр аз маҳалҳои аҳолинишин) муқаррар гардидааст. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагони воситаҳои нақлиётро водор месозад, ки ҳангоми харакат дар роҳҳо суръати нақлиёти идорашавандаро баланд насозанд ва ҳаёти худ ва пиёдагардонро зери хатар нагузоранд.

Апрель 19, 2012 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст