Фаъолияти 175 иншоот боздошта шуд
Хуҷанд, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Ҷамъбасти семоҳаи соли 2012-и Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд нишон дод, ки дар миқёси вилоят 15320 адад иншоот ба қайд гирифта шудааст. Аз ин иншооти зериназоратӣ интихобан дар 3869- тои он аз тарафи мутахассисони марказ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд санҷишҳои санитарии ҷорӣ гузаронида шуда, камбудиҳои ҷойдошта ошкор шуданд. «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» дар самти ҳолати санитарии муассисаҳои зери назоратӣ 502 адад санад тартиб дода шуда, ҷамъ ба маблағи 48870 сомонӣ ҷарима шуданд. Инчунин фаъолияти 175 иншоот муваққатан то бартараф намудани камбудиҳо боздошта шуд. 16 адад мавод барои чораандешӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






