Фаъолияти мутахассисони тоҷик дар Кобул
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар шаҳри Кобул тренинги чоррӯза барои 18 нафар кормандони хадамоти назорати маводи нашъаовари Афғонистон ҷиҳати истифодаи барномаи махсус ҳангоми таҳлили гуфтугӯи телефонӣ анҷом ёфт. Ин тадбир бо ибтикори кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва бо дастгирии мустақими ташкилию молиявии намояндагиҳои СММ дар шаҳрҳои Душанбе ва Кобул сурат гирифт. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар, дар кори тренинг муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ ширкат дошт.Кормандони хадамоти назорати маводи нашъаовари Афғонистон дар ҷараёни тренинг хоҳиш намуданд, ки минбаъд на фақат дар шаҳри Кобул балки дар шаҳри Душанбе низ чунин курсу семинарҳои таълимӣ доир карда шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






