Фестивали ансамблҳои оилавӣ
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Аз 20 то 30 майи соли равон даври дуввуми фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ зери унвони «Гули мақсуд» дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ барпо мегардад. Даври сеюми фестивал дар шаҳри Душанбе дар толори Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз 20 то 23 июн гузаронида мешавад. Дар даври ниҳоии фестивал аз вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водиҳои Ҳисору Рашт як ансамблӣ ва аз вилояти Хатлон ду ансамбли оилавӣ (як ансамбл аз минтақаи Кӯлоб ва як ансамбл аз минтақаи Қурғонтеппа) ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






