FIFA: болоравии Тоҷикистон дар таснифоти футболи ҷаҳон

Апрель 12, 2012 10:39

Душанбе, 12 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол Тоҷикистон 14 зина боло рафт ва кунун дар зинаи 131 –ум мавқеъ дорад. Сабаби боло рафтани мақоми дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин раддабандии дастаҳои футболи ҷаҳон, ширкат дар бозиҳои Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё маънидод мешавад, ки дар натиҷа дастаи Тоҷикистон соҳиби 45 имтиёз гардид. Миёни дастаҳои қораи Осиё дастаи мунтахаби Тоҷикистон як зина боло рафта, аз мақоми 19-ум ба 18-ум гузашт. Испания ҳанӯз дар зинаи аввали дастаҳои футболи ҷаҳон қарор дошта, Олмон аз Ҳоланд пеш гузашт ва дар мақоми дуввум ҷойгузин шуд. Афсунгарони футбол, дастаи мунтахаби Бразил як зина поён рафта, зинаи 6-умро касб кардаанд.Дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи навин ба таври зайл мавқеъ доранд: 11. Русия (дар ҷойи 12-ум буд). 47. Арманистон (44). 49. Украина (49). 53. Эстония (47). 69. Узбакистон (67). 68. Беларус (69). 74. Латвия (78). 89. Литва (91). 95. Гурҷистон (74). 110. Озарбойҷон (116). 131. Тоҷикистон (145). 137. Қазоқистон (142). 142. Молдова (143). 142.Туркманистон (166). 195. Қирғизистон (192). Рӯзи 9-май таснифоти нави FIFA ба нашр хоҳад расид.

Апрель 12, 2012 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд