ФИФА осорхонаи зеризаминӣ месозад
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Федератсияи байналмилалии футбол нақша дорад осорхонаи зеризаминии худро дар қароргоҳаш- шаҳри Тсюрихи Швейтсария бунёд кунад. Ин ташкилот барои роҳандозии ин нақша 196 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ карда, интизори иҷозат аз мақомоти шаҳдорӣ мебошад. Ба ин васила шумораи коргарони ФИФА аз 380 ба 500 нафар афзоиш хоҳад ёфт. Дар осорхона ҷому ҷоизаҳо, толори синамо барои тамошои филмҳо ҷойгир хоҳад шуд. Аз рӯи суханони Зепп Блаттер, президенти кунунии ФИФА- «Осорхона макони вохӯрии миллионҳо дӯстдорони футбол хоҳад шуд». Ёдрас мешавем, ки ФИФА 21 маи соли 1904 таъсис ёфта, зери парчами худ 208 ассотсиатсияи миллии кишварҳои ҷаҳонро гирд овардааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






