Фоизи миёнавазни қарзҳо паст мешавад
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бақияи қарзҳо то охири семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 фоиз афзуд. Тавре ки дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари Хадамоти матбуоти дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов иттилоъ дод, нишондиҳандаи мазкур то санаи 1 апрели соли равон бо пули миллӣ 1 млрд. 825 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2 млрд. 511,8 млн. сомониро ташкил дод. Аз рӯи иттилоъи манбаъ, фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 24,26 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 19,89 фоизи солона баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ паст мебошад. Ҳаҷми қарзҳои хурд бинобар талаботи зиёд ба он дар ин давра зиёд шуд ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,3 фоиз афзуд. Аз ҷумла 140,2 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,6 фоиз зиёд мебошад. Бояд гуфт, ки дарёфт ва ҷалби маблағҳои озод, пешниҳоди саривақтии қарзҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкории хурду миёна ва табақаҳои гуногуни ҷомеа дар рушди бахши корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муассир дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






